Tilda Publishing
create your own block from scratch
Аз видео-дастурҳои мо бифаҳмед, ки чӣ тавр дар сомонаи lotosport.tj сабти ном кардан мумкин аст:
Қоидаҳои аксия:
  1. Мӯҳлати гузаронидани аксия аз 24 июни соли 2024 муқаррар шуда, танҳо ба иштирокчиёне, ки баъд аз соати 14:00-и 24 июни соли 2024 дар сомонаи lotosport.tj сабти ном шудаанд, дахл дорад.
  2. Ҳар як иштирокчие, ки дар давраи аксия дар сомонаи lotosport.tj сабти ном шудааст, аз ҷониби ҶСП "Лото Спорт" маҷмӯи чиптаҳои ройгони лотереяро бепул мегирад. Рӯйхати лотереяҳо ва миқдори чиптаҳои ройгонро ташкилкунандаи аксия бо ихтиёри худ муайян мекунад.
  3. Маҷмӯи чиптаҳои ройгони лотерея танҳо пас аз сабти ном дар сомона ва гузаштани санҷиш (тасдиқи рақами телефон ё суроғаи почтаи электронӣ) ба иштирокчӣ дода мешавад.
  4. Тартиби гирифтани бурдҳо аз рӯи чиптаҳои лотерея, ки дар доираи ин аксия гирифта шудаанд, аз рӯи қоидаҳои умумии анҷом додани амалиётҳои молиявӣ дар сомонаи lotosport.tj танзим карда мешавад.
  5. Иштирокчии аксия ҳуқуқ дорад танҳо як аккаунт дар сомонаи ҶСП "Лото Спорт" бо истифода аз маълумоти шахсии сабти номшуда созад.
  6. ҶСП "Лото Спорт" ҳуқуқ дорад аккаунти иштирокчии аксияро дар ҳолати гумонбарӣ ба сохтанибеш аз як аккаунт бо мақсади гирифтани беш аз як маҷмӯи чиптаҳои ройгони лотерея маҳкамкунад.
  7. ҶСП "Лото Спорт" барои муайян кардани давраи гузаронидани аксия бо ихтиёри худ ҳуқуқ дорад, инчунин тағйирот ва иловаҳоро ба ин қоидаҳо ворид намояд.
БА ДАСТ ОВАРДАНИ ЧИПТАҲОИ РОЙГОН АЗ ЛОТО СПОРТ ОСОН АСТ:
  1. Дар вебсомонаи lotosport.tj сабти ном кунед ва маълумоти сабтиномшударо тасдиқ кунед;
  2. Бо истифода аз маълумоте, ки ҳангоми сабти ном додашудааст, ба сомона ворид шавед;
  3. Ҳангоми ворид шудан ба сомона паёме пайдо мешавад, ки дар он номи лотерея ва миқдори чиптаҳои ройгон нишон дода мешавад;
  4. Бо пахш кардани нишонаи лотереяи мувофиқ ба ин лотерея гузаред;
  5. Чиптаҳои ройгони гирифташударо бозӣ кунед!
БА ШУМО МУВАФФАҚИЯТ МЕХОҲЕМ!
Ҳангоми сабти ном дар сомонаи мо ба мушкилӣ дучор шудед?
Бо маркази хизматрасонии дастгирии муштариёни мо бо рақами кӯтоҳи 3050 ё чат-боти вебсомонаи мо тамос гиред!
Мутахассисони мо ҳатман ба Шумо кӯмак хоҳанд кард!
БА ШУМО МУВАФФАҚИЯТ МЕХОҲЕМ!