Қоидаҳои аксия:- Барои ҳар як иштирокчӣ, ки дар сомонаи lotosport.tj дар давраи баргузории аксия сабти ном шудааст, харидории чиптаҳои БИНГО бо шартҳои зерин дастрас аст:
- харидории чиптаҳои БИНГО дар давраи аз рӯзи аввал то рӯзи нӯҳуми фурӯши чиптаҳои БИНГО (ҳафтаи аввали фурӯш), ки аз рӯзи оғоз шудани фурӯши чиптаҳои лотерея ба тиражи оянда ҳисоб карда мешавад, бо нархи ҳашт сомонӣ;
- харидории чиптаҳои БИНГО дар давраи аз рӯзи даҳум то рӯзи шонздаҳуми фурӯши чиптаҳои БИНГО (ҳафтаи дуюм), ки аз рӯзи оғоз шудани фурӯши чиптаҳои лотерея ба тиражи оянда ҳисоб карда мешавад, бо нархи нӯҳ сомонӣ;
- фурӯхташавии чиптаҳои БИНГО дар сомонаи lotosport.tj аз рӯзи ҳабдаҳум (ҳафтаи сеюми фурӯш), ки аз рӯзи оғоз шудани фурӯши чиптаҳои БИНГО ба тиражи оянда ҳисоб карда мешавад, то рӯзи интиқоли чиптаҳои фурӯхташуда ба тираж (анҷоми фурӯш), бе пешниҳоди тахфиф бо нархи даҳ сомонӣ сурат мегирад;
2. Қуръакашии чиптаҳои лотереяи "БИНГО", ки дар доираи аксияи баргузоршуда харидорӣ шудаанд, тибқи шартҳои умумии тиражи баргузоршаванда, ки дар он чиптаҳои лотереяи "БИНГО", ки дар доираи аксия дода шудаанд, иштирок мекунанд, амалӣ мегардад.
3. ҶДММ "Лото Спорт" ҳуқуқ дорад тибқи салодиди худ мӯҳлати баргузории аксияро муайян намояд ва инчунин ба қоидаҳои мазкур тағйирот ва иловаҳо ворид намояд.