Tilda Publishing
create your own block from scratch
Дӯстони гиромӣ, ширкати «Лото Спорт» аз Шумо хоҳиш менамояд, ки бо тағйиротҳои Қоидаҳои анҷом додани амалиётҳои молиявӣ дар вебсомонаи www.lotosport.tj, ки ба тартиби хориҷ кардани маблағҳо аз суратҳисобҳои шахсии корбарон вобаста аст, шинос шавед:
Барои анҷом додани амалиётҳои молиявӣ, ки аз тарафи Мизоҷ анҷом дода мешаванд, бо мақсади хориҷ кардани маблағҳо аз суратҳисоби шахсӣ дар Платформа (интиқоли маблағҳо ба суратҳисобҳои шахсии бонкӣ ва ҳамчунин бо роҳи гирифтани пули нақд аз хазинаҳои ҶСП «Лото Спорт») миқдори комиссия чунин муайян карда шудааст:

· барои то ду амалиёт дар як шабонарӯз (аз соати 00:00 то 23:59:59), ки ба баровардани маблағҳо аз суратҳисоби шахсӣ дар Платформа (интиқоли маблағҳо ба суратҳисобҳои шахсии бонкӣ) равона шудаанд, комиссия ситонида намешавад;

· аз амалиёти сеюм сар карда, дар як шабонарӯз (аз соати 00:00 то 23:59:59), ки ба баровардани маблағҳо аз суратҳисоби шахсӣ дар Платформа (интиқоли маблағҳо ба суратҳисобҳои шахсии бонкӣ) равона шудаанд, аз мизоҷ комиссия дар ҳаҷми 7 (ҳафт) фоиз аз маблағи баровардашуда ситонида мешавад;

· барои амалиётҳои молиявӣ, ки аз тарафи Мизоҷ анҷом дода мешаванд ва ба баровардани маблағҳо аз ҳисоби шахсӣ дар Платформа тавассути гирифтани маблағҳои нақд дар хазинаҳои дӯконҳои лотереяи ҶСШК «Лото Спорт» равона шудаанд, комиссия ситонида намешавад.

Амалиёт барои хориҷ намудани маблағҳо аз суратҳисоби шахсии худ дар Платформа (интиқоли маблағҳо ба суратҳисобҳои шахсии бонкӣ) танҳо дар ҳолати далелнок ба муштарӣ ворид шудани маблағҳо анҷомёфта ҳисобида мешавад. Дар ҳолате, ки амалиёт барои хориҷ намудани маблағҳо аз суратҳисоби шахсии худ дар Платформа (интиқоли маблағҳо ба суратҳисобҳои шахсии бонкӣ), ки бояд бе пардохти комиссия анҷом мешуд, анҷом наёфта бошад ва маблағҳо аз тарафи ташкилоти бонкӣ ба суратҳисоби шахсии Муштарӣ дар Платформа баргардонида шаванд, кӯшиши хориҷкунӣ бе пардохти комиссия бояд дар давоми се соат аз лаҳзаи баргардонидани маблағҳои хориҷнашуда ба суратҳисоби шахсии Муштарӣ барқарор карда мешавад.

Дар бораи имконияти ситонидани комиссия ва миқдори он, Ташкилкунандаи лотерея Мизоҷро дар Платформа ҳангоми анҷом додани амалиёти молиявӣ, ки ба баровардани маблағҳо аз ҳисоби шахсии Мизоҷ равона шудаанд, огоҳ мекунад. Дар ҳолати набудани чунин огоҳӣ, комиссия аз тарафи Ташкилкунандаи лотерея барои анҷом додани амалиёти молиявӣ дар Платформа ситонида намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки комиссия аз тарафи ташкилоти кредитӣ (бонкҳо), воситаҳои молиявии онҳо (ҳамёнҳои электронӣ, суратҳисобҳои бонкӣ, кортҳо ва ғ.) истифода мешавад, ситонида мешавад.