Қоидаҳои иштирок дар иқдом
1. Иқдоми «Шоҳҷоиза дар сомонаи Лото Спорт» (минбаъд «Иқдом») аз ҷониби ҶСП «Лото Спорт» (ташкилкунандаи Иқдом) аз ҳисоби маблағҳои худӣ дар доираи салоҳияти худ, бо мақсади ҳавасмандгардонии истифодабарандагони сабтиномшудаи сомонаи lotosport.tj, ки дар лотереяҳои электронии тиражӣ дар шабакаи интернет паҳн мешаванд, иштирок мекунанд, гузаронида мешавад.
2. Мӯҳлати баргузории иқдом аз 17-уми феврали соли 2025 муқаррар карда мешавад.
3. Иқдоми «Шоҳҷоиза дар сомонаи Лото Спорт» намудҳои зеринро дар бар мегирад:
- Шоҳҷоизаи биринҷӣ;
- Шоҳҷоизаи нуқрагӣ;
- Шоҳҷоизаи тиллоӣ.
Ҳар як намуди шоҳҷоиза аз ҳисоби маблағҳои бадастомада аз фурӯши лотереяҳоиэлектронии тиражӣ дар сомонаи lotosport.tj дар вақти воқеӣ ташаккул меёбад.
Андозаи ҳар як намуди Шоҳҷоиза ва миқдори бозӣ кардани онҳо дар давраи Иқдом аз ҷониби ташкилкунандаи Иқдом мувофиқи салоҳияти худ муайян карда мешавад. Шумораи бозии ҳар як намуди Шоҳҷоиза дар ҳар 24 соат номаҳдуд аст.
4. Ҳар як намуди Шоҳҷоиза дар давраи баргузории Иқдом марҳилаҳои зеринро дар бар мегирад:
- Давраи ҷамъшавӣ – марҳилае, ки барои ташаккули маблағи Шоҳҷоизаи ин намуди муайян, ки байни иштирокчиёни Иқдом тибқи шартҳои он бозӣ карда мешавад, лозим аст.
- Давраи бозӣ – марҳилае, ки аз лаҳзаи огоҳ кардани корбароне, ки метавонанд дар бозии Шоҳҷоиза иштирок кунанд, то лаҳзаи муайян кардани ғолиби ин намуди Шоҳҷоиза аз миёни иштирокчиёни Иқдом, ки дар давраи бозӣ ва дар лаҳзаи муайян кардани ғолиб ҳамаи меъёрҳои иштироки дар шартҳои Иқдом муайяншударо қонеъ мекунанд, ҳисоб карда мешавад.
- Муайян кардани ғолиб – ғолиби ҳар як намуди алоҳидаи Шоҳҷоиза аз ҷониби ташкилкунандаи Иқдом ба таври тасодуфӣ аз миёни иштирокчиёне, ки ҳамаи меъёрҳои дар шартҳои Иқдом муайяншударо иҷро мекунанд, интихоб карда мешавад.
- Огоҳ кардани корбарон – пас аз муайян шудани ғолиби ҳар як намуди Шоҳҷоиза, ин кор анҷом дода мешавад:
o бо нишон додани ID-и корбари ғолиб огоҳ кардани тамоми корбарони веб-сомонаи ҶСП «Лото Спорт» дар lotosport.tj, ки дар лаҳзаи интихоби ғолиби Шоҳҷоизаи ин намуд дар сайт ҳузур доранд.
o огоҳ кардани худи корбари веб-сомонаи ҶСП «Лото Спорт» дар суроғаи lotosport.tj, ки Шоҳҷоизаи ин намудро бурд кардааст.
5. Шартҳои иштирок дар бозии ҳар як намуди Шоҳҷоиза:
Шоҳҷоизаи биринҷӣ – дар бозии ин намуди Шоҳҷоиза корбарони сабтиномшуда ва ваколатдоштаи веб-сомонаи ҶСП «Лото Спорт» дар суроғаи lotosport.tj иштирок мекунанд, ки дар Давраи бозӣ ва ҳамчунин дар лаҳзаи Муайян кардани ғолиб, дар бозии лотереяҳои электронии тиражӣ бо арзиши расиди лотерея на камтар аз 3 (се) сомонӣ ширкат меварзанд.
Шоҳҷоизаи нуқрагӣ – дар бозии ин намуди Шоҳҷоиза корбарони сабтиномшуда ва ваколатдоштаи веб-сомонаи ҶСП «Лото Спорт» дар суроғаи lotosport.tj иштирок мекунанд, ки дар Давраи бозӣ ва ҳамчунин дар лаҳзаи Муайян кардани ғолиб, дар бозии лотереяҳои электронии тиражӣ бо арзиши расиди лотерея на камтар аз 5 (панҷ) сомонӣ ширкат меварзанд.
Шоҳҷоизаи тиллоӣ – дар бозии ин намуди Шоҳҷоиза корбарони сабтиномшуда ва ваколатдоштаи веб-сомонаи ҶСП «Лото Спорт» дар суроғаи lotosport.tj иштирок мекунанд, ки дар Давраи бозӣ ва ҳамчунин дар лаҳзаи Муайян кардани ғолиб, дар бозии лотереяҳои электронии тиражӣ бо арзиши расиди лотерея на камтар аз 10 (даҳ) сомонӣ ширкат меварзанд.
6. Тибқи натиҷаҳои бозии ҳар як намуди Шоҳҷоиза, ки дар шартҳои баргузории Иқдом муайян шудааст, танҳо як ғолиб аз миёни корбароне, ки дар бозии ин намуди Шоҳҷоиза иштирок кардаанд, интихоб карда мешавад.
7. Маблағи Шоҳҷоиза ба суратҳисоби корбари веб-сомонаи ҶСП «Лото Спорт» дар lotosport.tj гузаронида мешавад, ки мутобиқи шартҳои Иқдом ғолиби Шоҳҷоизаи муайян эътироф шудааст.
8. Ба бозии Шоҳҷоиза мутобиқи шартҳои Иқдом иҷозат дода намешавад:
· Ба корбарони веб-сомонаи ҶСП «Лото Спорт» дар lotosport.tj, ки ба шартҳои Иқдом мувофиқат намекунанд;
· Ба корбароне, ки дар лаҳзаи Муайян кардани ғолиб барои Шоҳҷоизаи муайян, лотереяҳои электрониро бо асъори бонусӣ харидорӣ кардаанд ё чиптаҳои лотереяро ҳамчун мукофот (ройгон) дар сайт гирифтаанд.
9. ҶСП «Лото Спорт» ҳуқуқ дорад ҳисоби иштирокчии Иқдомро баста, аз ҷумла маблағи Шоҳҷоизаи бурдшударо масдуд кунад, агар гумонбар шавад, ки корбар ноодилона барои ба даст овардани Шоҳҷоиза қоидавайронкунӣ кардааст. Ин метавонад истифодаи барномаҳои махсус, скриптҳо ва дигар воситаҳо барои бурд кардани ғайришаффофи Шоҳҷоизаи муайянро дар бар гирад.
10. ҶСП «Лото Спорт» тибқи салоҳиятҳои худ ҳуқуқ дорад муддати баргузории Иқдомро муайян кунад, инчунин тағйирот ва иловаҳо ба ин қоидаҳо ворид намояд.