Нархи чиптаи лотерея, ки дар он иштирокчӣ як натиҷаи имконпазирро барои ҳар яке аз 13 рӯйдод муайян мекунад, 3 сомонӣ мебошад.
Ба иштирокчӣ ба воситаи интихоби якчанд варианти натиҷаҳои ин ё он бозӣ ҳуқуқи баланд бардоштани имкони бурд дода мешавад. Дар ин ҳолат бояд шартҳои зерин риоя карда шаванд: ду натиҷа барои беш аз чор бозӣ интихоб шуда наметавонад (масалан, ғалабаи дастаи 1 ва мусовӣ) ва инчунин наметавонад се натиҷа барои беш аз се бозӣ интихоб шавад (ғалабаи дастаи 1, ғалабаи дастаи 2, мусовӣ). Афзудани шумораи комбинатсияҳо ба зиёд шудани арзиши чиптаи лотерея оварда мерасонад.
Нархи чиптаи лотерея ҳангоми интихоби зиёда аз як натиҷаи имконпазири рӯйдод:
барои муайян кардани нархи билети лотерея, шумо бояд шумораи вариантҳои натиҷаи интихобшударо барои ҳар як аз 13 рӯйдоди варзишӣ, ки тиражи лотереяро ташкил медиҳанд, ба нархи як билети лотерея зарб кунед, яъне ба 3 сомонӣ.